image

Ҳамоиш оид ба натиҷаи фаъолияти "Телевизони Душанбе" дар 9 моҳи соли 2022

date_range11.10.2022, 21:11 chat_bubble_outline0 remove_red_eye285

Дар ҳамоиши навбатие, ки бахшида ба фаъоляити Муассисаи давлатии "Телевизони Душанбе" дар давоми 9 моҳи сипаригардидаи соли 2022 доир гардид, масъулини Муассисаи давлатии "Телевизони Душанбе" дар назди кормандони Муассиса хисобот дод.

Зимни ҳисоботи хеш роҳбарияти Муассисаи давлатии "Телевизони Душанбе" иброз намуд, ки дар давоми 9 моҳи сипаригаштаи соли 2022 тамоми рӯйдодҳи муҳими ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа, бахусус шаҳри Душанбе ҳамарӯза тавассути барномаҳои иттилоотӣ, сиёсиву таҳлилӣ ва фарҳагиву фароғатӣ инъикоси саривақтӣ ва ҳамаҷонибаи худро пайдо карданд.  

Дар ин давра аҳли эҷоди Идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Душанбе» дар мавзӯҳои мухталифи дорои аҳамияти шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ силсилаи шарҳу гузориш омодакарда, тавассути барномаи иттилоотии «Вақт» пешкаши тамошобинон намуданд. Аз ҷумла, зиёда аз 1480 гузориш, 723 нашри барномаи иттилооти «Вақт» ва 74 нашри ҷамъбастии «7-рӯзи Душанбе» ва барномаи ҷамъбастии «Неделя в городе» бо забони русӣ пахш гардид.

Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби дигар идораҳо телевизион низ як қатор барномаҳои ҷолибу дидани пешкаш гардидааст.