image

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрӣ доир намуд

date_range14.10.2022, 12:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye273

Дар доираи амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроия ҷиҳати таблиғу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавонон ва пешгирии гаравиши ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ миёни сокинони маҳаллаи Азизбекови ноҳияи Исмоили Сомонӣ суҳбату вохӯриҳои судманд доир намуд.

Дар вохӯрии навбатие, ки дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир гардид, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва дигар нафарон иштирок намуданд.

Дар оғози ҳамоиш ҳозирин сухан карда зикр намуданд, ки ҳадафҳои наҷибу ягонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки муттаҳид намудани нерӯҳои пешбарандаву босалоҳият, ваҳдатсозу сулҳовар ва дорои масъулияти баланди давлатсозиву давлатдорӣ ва бо ҳамин роҳ гузоштани саҳми арзанда дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқубунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад ҳаминаст, ки мардуми Тоҷикистон имруз дар фазои сулҳу амонӣ хотирҷаъмона зиндагӣ доранд.