image

Аҳамияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими сулҳу субот ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

date_range18.10.2022, 17:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye224

Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Аҳамияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими сулҳу субот ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар доир гардид.

Аз баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, 30 сол сипарӣ шуд.

Ба ин муносибат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар н.Шоҳмансур мизи мудаввар таҳти унвони «Аҳамияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими сулҳу суббот ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии чумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он Раиси КИ ҲХДТ дар ш.Душанбе, Ректори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Раиси шӯрои собиқадорони ҲХДТ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигар намояндагони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.

Дар рафти ҷамъомад Раиси КИ ҲХДТ дар ш.Душанбе сухан карда иброз доштанд, ки маҳз бо шарофати хираду заковати азалӣ дурандешӣ, сабру таҳамул ва ҷавҳари созандаи миллати тоҷик Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор шуд, ки он дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун оғози воқеии раванди сулҳ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.

Саодат Тоирӣ