image

«Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди тафаккури насли ҷавони кишвар»

date_range28.10.2022, 09:03 chat_bubble_outline0 remove_red_eye300

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур оид ба сазовор таҷлил намудани 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи «Албом-эстафета» таҳти унвони «Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди тафаккури насли ҷавони кишвар» ҷамъомад баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур бо иштироки намояндагон аз ҲХДТ, КИ ҲХДТ дар ш.Душанбе, КИ ҲХДТ дар н.Шоҳмансур, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, шоири Халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, Вакили Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ баргузор гардид.

Сароғоз меҳмонон аз филми кутоҳмуддат аз таърихи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошо намуданд. Сипас ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Зимни баромад қайд карда шуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксу амале алайҳи зӯроварии дохилӣ ва фитнаи хориҷӣ буд, вокунише дар муқобили анедешаҳои таҳмилии аз кишварҳои исломӣ ба мо боргардида маҳсуб меёфт ва аз ҳама асосӣ сароғози марҳилаи нави ихтиёрдории қудрат дар таҳия ва роҳандозӣ шудани низоми сиёсии мустақил дар ҳудудӣ кишварамон арзёбӣ мешуд.