image

Маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»

date_range28.10.2022, 23:39 chat_bubble_outline0 remove_red_eye279

Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид, ки дар ҷараёни он Шоҳҷоизаи озмун ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ ба се нафар иштирокчии фаъол супорида шуд.

Инчунин ғолибони ҷойи якум бо 35 ҳазор сомонӣ, ҷойҳои дуюм бо 25 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои сеюм бо 15 ҳазор сомонӣ, диплом ва мукофот сарфароз гардтданд.

Бояд гуфт, озмуни мазкур тӯли чор сол аст ки аз рӯйи се номина — композиторӣ (оҳангсозӣ), сарояндагӣ, навозандагӣ доир мегардад, ки дар ҳар номина се жанр- академӣ, эстрадӣ ва анъанавӣ мавҷуд аст.

Дар ҳар номина довталабон дар ду синн: аз 12 то 17 – сола ва аз 18 то 40 – сола иштирок мекунанд, ки барои ҳар жанр як ҷойи якум, ду ҷойи дувум ва ду ҷойи сеюм ҷудо гардидааст.

Тибқи тағйироти имсола, дар номинаи композиторӣ довталабони синни аз 18 то 40 – сола иштирок намуданд.

Ҳамчунин имрӯз ба устодоне, ки шогирдони онҳо дар озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб шудаанд, 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва Ифтихорнома тақдим гардид.

Дар маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» муовини муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Вазири фарҳанги мамлакат Зулфия Давлатзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, аъзои ҳакамон, иштирокдорону водидайни онҳо ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин аҳли илму адаби мамлакат иштирок доштанд.