image

Вохӯрии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо омӯзгорону хонандагон

date_range29.10.2022, 16:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye300

"30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат" дар доираи ин мавзӯъ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Шоҳмансур тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо омӯзгорону хонандагони синфҳои болоии МТМУ №48 ва аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” вохӯрии судманд доир намуданд.

Дар вохӯрӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Шоҳмансур иштироки фаъол доштанд.

Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо дарназардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлоламон дар давраи басо душвори сиёсиву низомӣ бо мақсади таъмини ҳар чӣ зудтари сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, аз хатари нобудӣ эмин нигоҳ доштани давлат ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллат, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон даъват шуда буд.

Гуфта шуд, ки Иҷлосия дар давраи мураккабтарини авзои сиёсиву иҷтимоии мамлакат: беҳокимиятӣ, сохторҳои фалаҷшудаи идоракунии давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, поймол шудани Конститутсия, набудани кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла кафолати зиндагӣ ба ҳаёт, маҷбуран тарк кардани манзилу макони зист ва гуреза шудани миллионҳо нафар ҳамватанони мо баргузор гардид.

Ҳамзамон, нотиқон оид ба иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, «Дар бораи забони давлатӣ», пешгирии омилҳои наматлуб дар байни наврасону ҷавонон аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, терроризму экстремизм, зӯроварӣ дар оила, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, таблиғи эҳсоси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватану миллат, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонунгузорӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва омӯзиши китоби “Тоҷикон” –и Бобоҷон Ғафуров суханронӣ намуданд.

Дар ин миён, ҳозирин аз иштирокчиён даъват карданд, ки баҳри ободию пешрафти кишварамон саҳми арзишманди хешро гузошта пайрави воқеии Пешвои муаззами миллат бошанд ба мактаби давлатдории ин шахсияти бузургро сармашқи кори худ қарор диҳанд.

Дар фарҷом як қатор омӯзгорони муассиса бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.