image

Даври дуюми Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино ифтитоҳ гардид

date_range01.11.2022, 13:54 chat_bubble_outline0 remove_red_eye321

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар якҷоягӣ бо Шуьбаи маорифи ноҳия аз ҷониби Муассисаи давлатии "Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ташкил ва баргузор шуд.

Дар расми ифтитоҳи олимпиадаи мазкур муовини раиси ноҳияи Сино сухан карда зикр намуд, ки ташкил ва баргузор намудани озмун ва олимпиадаҳои фаннӣ, ин ҷалби бештари хонандагон ба илмомӯзӣ буда, насли имрӯзаро дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ифтихору созандагӣ ва соҳибилм гардидан тарбият менамояд. Дар ин ҷода Муассисаи давлатии "Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳия воситаҳои муосири дарёфт ва рушди истеъдодҳоро ба роҳ мондааст.

Сипас, дар ҳар синфхонаи муассисаи музкур хонандагон аз рӯи 13 фанни таълимӣ аз қабили забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони давлатӣ, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, физика, география, биология, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, химия, математика ва технологияи иттилоотӣ имтиҳон супориданд.