image

Идомаи санҷиши ҳолати омодагии корхонаву муассисаҳои шаҳриву ноҳиявӣ ба мавсими зимистон

date_range02.11.2022, 09:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye219

Дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе санҷиши ҳолати омодагии корхонаву муассисаҳои шаҳриву ноҳиявӣ ба мавсими зимистон идома дорад.

Ин навбат бо иштироки муовинони Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода ва Толиб Раҳимзода дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ вазъи омодагии муассисаҳои коммуналӣ, аз ҷумла Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Ҳамзамон дар гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ширкат доштанд.

Оғоз аз захираҳои қуму намак, либосҳои зимистона барои кормандон ва техникаву механизмҳои он то сузишвориву қисмҳои эҳтиётӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки танҳо барои зимистонгузаронӣ 40 адад техникаҳои гуногун дар асоси нақша омода шудааст.