image

Фаъолияти Раёсати обёрии шаҳри Душанбе дар мавсими боришот

date_range02.11.2022, 14:39 chat_bubble_outline0 remove_red_eye311

Бархе аз ташкилоту идора ва сохторҳои шаҳрӣ дар мавсими боришот фаъолияти худро дар асоси зиёд шудани ҳаҷми корҳо тақвият медиҳанд, ки аз ҷумлаи онҳо Муассисаи давлатии Раёсати обёрии шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад, зеро пешгирии омилҳои мусоидаткунанда ба баландшавии оби наҳру селпартоҳо ба фаъолияти шабонарӯзии онҳо вобаста мебошад.

Дар кишвари мо 4 фасли сол бо махсусиятҳои худ аз ҳамдигар фарқ мекунад. Тирамоҳ бошад бо боронҳои сим сими худ таровати дигар дорад, вале ин боришот дар бархе маврид масъулонро вазифадор менамояд, ки фаъолияти худро саривақту бекамбудӣ иҷро намоянд. Зеро дар фасли тирамоҳу зимистон бо сабаби боришоти пай дар пай хавфи зиёд шудани оби наҳру селпартоҳо аз эҳтимол дур нест. Аз ин лиҳоз иншооти обпарто бояд мунтазам аз ҷониби сохторҳои марбута тоза гардида, барои интиқоли оби боришот дар маҷрои муайян мусоидат намоянд.

Бо ин мақсад кормандони Муассисаи давлатии «Раёсати обёрӣ»-и шаҳри Душанбе фаъолияти нақшавии худро тавсия дода, мунтазам наҳру селпарто ва иншооти дигари иригатсиониро тоза менамоянд. Зеро дар ин давра сатҳи оби каналу селпартоҳо эҳтимоли зиёдшавӣ доранд ва дар сурати камғунҷоиш будани иншооти обпарто об ба роҳу кӯчаҳои шаҳр ҷорӣ мешавад, ки боиси халалдор гардидани ҳаракати пиёдагардон ва дар бархе маврид воситаҳои нақлиёт мешаванд.

Саодат Тоирӣ