image

Истиқболи "Албом-Эстафета" дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ

date_range02.11.2022, 19:14 chat_bubble_outline0 remove_red_eye231

Нимаи рӯзи 1-уми ноябр дар даромадгоҳи Боғи фарҳангу фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, раиси ноҳия, намояндагони фарҳангу маориф, тандурустӣ ва сокинони барнодили ноҳияи Фирдавсӣ “Албом-Эстафета”-ро истиқбол намуданд.

Хонандагону ҷавондухтарон ва ҳаваскорони ноҳия бо дастовези ҳунарии хеш ва суруду тарона ҳамчун армуғони идона меҳмононро пешвоз гирифтанд.

«Албом-Эстафета», ки бо ибтикори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои миллат» дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон баргузор гардида буд, инак ба шаҳри Душанбе ворид гардид.

Албом-Эстафетаро дар даромадгоҳи Боғи фарҳангу фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ нахуст роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, раиси ноҳия, намояндагони фарҳангу маориф, тандурустӣ, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан” ва сокинони барнодили ноҳияи Фирдавсӣ истиқбол намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар ин ҳамоиши бошукӯҳ вакилони Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, Раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва дигар меҳмонони расмӣ ширкат доштанд.

Сипас, ҳайати меҳмонон ҷиҳати гиромидошти ориф ва ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар назди пайкараи ӯ гулчамбар гузошта, расми хотиравӣ гирифтанд.

Баъд аз гулчанбаргузорӣ дар Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар саҳни Гимназия ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон бо ҳунару маҳорати зебои хеш ҳайати меҳмононро пешвоз гирифтанд.

Ҳозирин, дар ин зимн аз дастовардҳои донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, ки дар ҳудуди ноҳия фаъолият доранд, коргоҳу корхонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ, ки ноҳияро дар олимпиада ва мусобиқаҳои варзиши муаррифӣ мекунанд, дидан карданд.

Баъд аз тамошо дар толори фарҳангии Гимназия чорабинии фарҳангӣ маърифатӣ доир карда шуд. Зимни ҷамъомади тантанавӣ роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Хонов Абдураҳмон сухан карда иброз дошт, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳимтарин рӯйдоди даврони Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ гардида, ба таҳкими сулҳу субот, бунёдгузории давлатдории навини тоҷикон заминаи воқеӣ гузошт. Ҳама пешрафту дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз аз Иҷлосияи тақдирсоз маншаъ мегиранд.

Дар идома, дигар иштирокдорон низ ба сухан баромада оид ба “Нақши Иҷлосияи таърихӣ дар таҳкими сулҳу суботу кишвар” сухан гуфтанд.

Зикр гардид, ки дар он лаҳзаҳои ҳассос Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи мушаххас ва мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузоштанд. Бо ташаббуси ин фарзанди фарзонаи миллат якчанд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие дар раванди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ қабул гардиданд, ки дар мамлакат заминаи таҳкими низоми қонунгузориро гузошт. Эмомалӣ Раҳмон масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонист манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузорад.

Дар идома чорабинии фарҳангии аҳли санъату фарҳанги кишвар ба ҳамоиши тантанавии доир гардида ҳусни зебо бахшид.

Гуфтан ба маврид аст, ки Албом-Эстафетаро аз ноҳияи Фирдавсӣ масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳяияи Сино ва роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қабул менамояд.