Ноҳияи Синои шаҳри Душанбе "Албом-Эстафета”-ро бо тантана қабул намуд
Дар рӯзи дуюм тибқи муқаррарот ва ҷадвали тасдиқгардида, “Албом-Эстафета” аз ноҳияи Фирдавсӣ ба ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ворид гардид.
Сипас, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳияи Сино бо гулдастаҳо ин пайки саодат ва ҳамдилӣ, рамзи васли дӯстӣ, арҷгузорӣ ба давлату миллати хеш ва посдории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Албом-Эстафета"-ро аз намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар вазъияти тантанавӣ қабул намуданд.
Макони баргузории чорабинии ҳизбиёни ноҳияи Сино Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино муайян гардида буд, дар саҳн ва дохили ин макон фаъолон ва аъзоёни ҳизбӣ бо аксҳои Пешвои миллат, Парчамҳои милливу ҳизбӣ, шиору овезаҳои тараннумгари истиқлолу ваҳдат ва ватандӯстӣ дар даст роҳпаймоии идона намуданд, ки ба ҳусни ин макон таровати дигаре замъ намуд.
Зимни қабули Албом-Эстафета ҳозирин дар назди муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино гулчанбарг гузошта, акси хотиравӣ гирифтанд.
Сипас, меҳмонон аз асарҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳунарҳои дастӣ, дастовардҳои кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ ва маҳфилҳои эҷодӣ дидан карданд.
Баргузории чорабинии сиёсӣ фарҳангӣ таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои миллат” бо иштироки узви фаъоли ҳизбӣ дар толори барҳавои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино доир гардид.
Боиси ёдоварист, ки дар чорабинии мазкур Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва аъзоёни фаъоли ҳизбии ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зарина Файзуллозода сухан карда, зикр намуд, ки бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандест, ки бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар сатҳи ҷумҳурӣ аксияи “Албом-Эстафета”, таҳти унвони «30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат» доир гардида истодааст, ки дар он собиқадорон, вакилони он вақтаи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолони ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ кардаанд.
Таъкид рафт, ки «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи нав боз намуд. Маҳз бо шарофати иҷлосияи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Қонуни асосии кишварро таҳия ва қабул намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии пешрафти ҳокимияти давлатӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандро мушаххас муайян намуд».
Тазаккур дода шуд, ки муҳимияти баргузории Иқдоми ҷумҳуриявии «Албом-Эстафета» дар он аст, ки ҳар фарди хештаншинос бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намояд, зеро маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровар, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи Сарвари давлат ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.
Бояд гуфт, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ, таъмин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудани принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Маҳз ба шарофати он дар кишвар ба раванди бунёдкорӣ оғоз бахшида шуда, симои сиёсии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.
Тибқи барнома чорабинии рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар бо сурудҳои ватандӯстона табъи иштирокчиёнро болида намуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ