image

Маросими савганёдкунии сарбозони навдаъватшуда дар қисмҳои низомӣ

date_range02.11.2022, 21:45 chat_bubble_outline0 remove_red_eye243

Дар баробари дигар чорабиниҳо ҳоло дар қисмҳои низомӣ маросими савганёдкунии сарбозони навдаъватшуда ҷараён дорад.

Дар Қисми ҳарбии 65-92-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ нахуст наваскарон сафороӣ намуда, маҳорати баланди касбиашонро нишон доданд.

Тавре маълум гардид, ин сарбозони далеру шуҷоъ ҳимоятгари Ватану миллат маҳсуб ёфта, бо иродаи қавӣ тан ба тан истода, баҳри пойдории сулҳу суббот адои хизмат намуда истодаанд. Дар баробари ин, иштирокчиёни чорабинӣ аз маҳорати варзишии сарбозон ошноӣ пайдо намуданд.

Тавре маълум гардид, барои сарбозон шароит муҳайё гардидааст, ки ба обутоби бадан машғул шаванд, зеро варзиш гаравӣ саломатист.

Дар баробари чорабиниҳои дигар, ҳамзамон аз ҷониби муассисаҳои фарҳангии шаҳр пайваста табирҳои маърифатӣ ташкил карда мешавад.