image

«КОНСТИТУТСИЯ ҲОМИИ АРЗИШҲОИ ИНСОН ВА САРЧАШМАИ БАХТИЁРӢ». ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range04.11.2022, 19:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye273

ш.Душанбе. 04.11.2022. Имрӯз ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Конститутсия ҳомии арзишҳои инсон ва сарчашмаи бахтиёрӣ» ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

Ҷамъомадро муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, табрикоти роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хоса Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи иштирокчиён расонид.

Дар ҷамъомад зикр гардид таърих гувоҳ аст, ки кишвари азизи мо то замони расидан ба соҳибистиқлолӣ марҳилаҳои гуногуни сиёсиро паси сар намудааст. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид ва бо қабули нахустин Конситиутсия, дар санаи 6-уми ноябри соли 1994, барпо намудани давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи озоду пешрафтаи шаҳрвандӣ ба миён омад. Аз ин ҷост, ки ҳамасола 6-уми ноябр ҳамчун санаи қабули ин ҳуҷҷати муҳими таърихӣ дар кишвар таҷлил мегардад. 

Дар идома роҷеъ ба таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти таърихии ин санади тақдирсоз, нақши Конститутсия дар таъмини сулҳу ризоияти миллӣ дар кишвар, Конститутсия - сарчашмаи қонунгузории миллӣ ва пойдории давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, зарурати гузаронидани тағйиру иловаҳо ба ин санади олии ҳуқуқӣ ва баргузории ислоҳоти конуститутсионӣ бо маърӯзаҳо баромад карданд.

Чуноне гуфта шуд, «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафту инкишофи давлату ҷомеаро бо воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян сохт. Қабули Конститутсия, агар аз як тараф дастоварди таърихӣ буда, аз ҷониби дигар татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад.

Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондустонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб ёфта, шаҳодати ин нуқта озодии баён, мутбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст.

Дар идома гуфта шуд, ки «Миллати сарбаланди тоҷик аз Конститутсияи одилонаи худ эҳтирому итоат ба қонунро омӯхт ва дарк намуд, ки бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёде, ки мавриди таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифтааст, маҳз бо роҳи итоату риояи қонун, ҳурмату эҳтиром доштан ба шаҳрвандони мамлакати худ ва дӯст доштани аҳли башар муяссар мегардад». 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз панҷ конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шуда, он ба сифати қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт.

Иштирокчиёни ҳамоиш дар ҳамовозӣ изҳор доштанд, ки Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 28 соли арзи вуҷуд доштанаш барои ғанӣ гардонидани пояҳои давлату давлатдорӣ, қонуният, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хизмат карда, симои сиёсӣ ва обрую эътибори Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир муаррифӣ намуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидахотирии меҳмонону иштирокчиён барномаи фарҳангии саршор аз тараннуми ватану истиқлол, ки аз ҷониби ҳунармандони ҷавону умедбахш таҳия гардида буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.