image

Тақдими туҳфаҳои Раиси шаҳри Душанбе ба ғолибони мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку 2022

date_range07.11.2022, 15:08 chat_bubble_outline0 remove_red_eye285

Имрӯз, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Темур Раҳимов - узви яккачини дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастпарвари Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин”, барои гирифтани ҷои якум ва ба даст овардани медали тилло дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку 2022 («Baku Grand Slam 2022») хонаи 2 ҳуҷрагӣ дар пойтахт бо тамоми шароити рӯзгор ва ба Муллораҷаб Халифаев - дастпарвари “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин”-и шаҳри Душанбе барои сазовор гардидан ба ҷои дуюм ва гирифтани медали нуқраи ҳамин мусобиқа 100 000 сомонӣ тақдим карда шуд.