image

Ҳамоиши илмӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

date_range14.11.2022, 15:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye373

Дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Кафедраи бизнеси сайёҳӣ рекреатсия ва меҳмондорӣ, ҳамоиши илмӣ дар мавзуи "Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳким ва рушди соҳаи сайёҳии мамлакат" баргузор гардид.

Кори ҳамоиши илмиро масъулини донишгоҳ сухан карда, ҳозиринро ба ин ду санаи муҳим таҳният гуфта, иброз дошт, ки ба ҳам тавъам омадани ин ҷашнҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки воқеан ҳам шахсиятҳои бузург қудрат доранд, ки раванди инкишофи миллатҳо ва ҷомеаҳоро ба куллӣ тағйир диҳанд.

Сипас, аз рӯи барномаи ҳамоиш Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба сухан баромада, мавсуф қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои сахту душвор зимоми давлатдориро ба душ гирифта, умеду орзуи мардумро ба фардои нек, сулҳу ваҳдат ва созандагии бунёдкорӣ дар кишвар бедор карданд.

Дар идома таъкид гардид, ки “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо дарназардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлоламон дар давраи басо душвори сиёсиву низомӣ бо мақсади таъмини ҳарчи зудтари сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, аз хатари нобудӣ эмин нигоҳ доштани давлат ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллат, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон даъват шуда буд”.

Сипас, дигар иштирокдорон оид ба “Нақши Президент дар таҳкими давладорӣ” суханронӣ намуда, зикр карданд, ки “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллат ва давлатсозии тоҷикон абадӣ боқӣ мемонад. Дар ҳамаи давру замон дар идораи давлату рушди ҷомеа ва ояндаи пойдору устувори он роҳбарони фозилу хирадманде зарур буданд, ки ҷомеаро бо андешаҳои бунёдӣ сӯи эҳё ва ташаккул бурда, дар заминаи ҳофизаи таърихӣ давлатдориро таҳким бахшанд.

Инчунин, дар кори ҳамоиш дигар иштирокдорон андешаҳои худро доир ба Сайёҳӣ ҳамчун омили беҳдошт ва рушди мероси фарҳангӣ байн доштанд.