image

Баргузории Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-поягузори давлатдории навини тоҷикон”

date_range14.11.2022, 15:26 chat_bubble_outline0 remove_red_eye262

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар толори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-поягузори давлатдории навини тоҷикон” бо иштироки ташкилотҳои ибтидоии ноҳия ва аксаран аъзои ташкилотҳои ҳизбии соҳаи тандурустӣ баргузор гардид.

Дар кори Конференсияи мазкур шоирону нависандагон, сиёсатшиносон, собиқадори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ва дигар нафарон иштирок ва суханронӣ намуданд. Конференсияи мазкурро нахуст роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ифтитоҳ карда, вобаста ба нақш ва мақоми Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатсозии тоҷикон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки “Имрӯз аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки дар таърихи навини Тоҷикистон гардиши куллӣ ба хотири наҷоти миллат ва давлат буда, роҳи минбаъдаи пешрафти давлат ва халқи Тоҷикистонро муайян кард, сӣ сол сипарӣ мегардад”.

Мавсуф қайд намуд, ки маҳз ба ҳамин хотир, ҳар як фарди бонангу номус, ки истиқлолият ва озодӣ барояш муқаддасу гиромист, ин санаи фархундаро ҷашни бузургу муборак медонад. Инчунин иштирокдорон дар мавзӯи “Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” суханронӣ намуда зикр карданд, ки “Иҷлосияи ғайринавбатии 16-уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд умед дар баҳри ноумедиҳо буд. Баъд аз 1000 сол дубора парчами давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар фазои асри ХХ1 ба ҷилва даромад.

Қайд гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвар, роҳбару раҳнамои дурбину дурандеш, созанда ва ғамхору ватандӯст аз нахустин рӯзҳои фаъолияти хеш барои анҷом додани рисолати таърихие, ки давру замон ба уҳдаашон гузошта буд, камари ҳиммат баста, дар кӯтоҳтарин муддат мардумро аз зулмоти яъсу ноумедӣ ба соҳили наҷот раҳнамоӣ намуданд ва дар дилҳои онҳо чароғи эътимод ва бовариро барои расидан ба ояндаи дурахшон ва фаро расидани замони сулҳи деринтизор неру бахшиданд.

Мавсуф иброз дошт, ки “Ҳадафҳои стратегии эълоннамудаи Президент барои ҳалли душвортарин мушкилиҳои ҳаёти халқамон нақши асосӣ бозид.

Дар фарҷом ба як қатор ҷавононе ки бори аввал ба узвияти ҲХДТ пайвастанд, шаҳоданомаҳои ҳизбӣ бо тантана тақдим карда шуд.