Корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе
Бо мақсади омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон кормандони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе корҳои профилактикии оташнишониро дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт, муассисаву ташкилоти гуногунтаъинот ва биноҳои истиқоматӣ гузаронида истодаанд.
Сӯхтор ҳодисаи пешгуинавшанда буда, сабабу омилҳои зиёд дорад ва алангаи он дар як лаҳза иншооти гуногунҳаҷм ва молу амволи зиёди сокинонро ба коми худ мекашад. Бо мақсади пешгирии сабабу омилҳои мусоидаткунанда ба сӯхтор чандест, ки аз ҷониби Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе гурӯҳҳои корӣ ташкил шудааст ва аъзои он фаъолияти тарғиботии худро ба роҳ монданд.
Ин навбат чунин тадбирҳои тарғиботӣ аз ҷониби қисми мустақили 26-уми ҳарбикунонидаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Сино гузаронида шуд. Дар оғоз сафороии пагоҳирӯзӣ аз ҷониби намояндагони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Зимни ин тадбир мақсади чунин корҳо аз ҷониби роҳбарият ба кормандон фаҳмонида шуд ва иҷрои бечуну чарои вазифаҳои хизматӣ тақозо шуд. Ин тадбир дар асоси фаромиши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рамзи муҳофиза марҳалаи 2 гузаронида шуд. Баъди гузаронидани сафороии пагоҳирӯзӣ ва муайян намудани вазифаҳои хизматии кормандони ин қисми хадамоти давлатии отшанишонии пойтахт онҳо ба шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Сино сафарбар гардиданд.
Истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, дуруст истифода намудани таҷҳизоти барқӣ ва зарфҳои газӣ, аз рӯйи талабот гузаронидани хатҳои интиқоли барқ аз ҷумлаи мавзӯҳое буданд, ки доир ба онҳо миёни сокинон бо усусли хона ба хона корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар баробари самтҳои дигари фаъолият, ҳамзамон аз ҷониби нозирони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе дар иншооти гуногунтаъинот тадбирҳои назоративу дастурдиҳӣ низ тақвият ёфтааст. Зеро мушоҳида ва таҳлили кормандони соҳа нишон медиҳад, ки кам нестанд ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар манзилҳои истиқоматӣ, ки аз беэҳтиётии сокинон ва истифодаи нодурусти дастгоҳҳои барқӣ ба миён омадааст.
Аз ин ру зимни гузаронидани тадбирҳои соҳавӣ аз сокинони маҳалла талаб гардид, ки дар самти истфодаи қуваи барқ, зарфҳои гази моеъ ва дастгоҳҳои баркӣ эҳтиёкор бошанд ва ҳатман қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намоянд. Зеро ин амал пеш аз ҳама ба манфиати худи сокинон аст. Зеро дар ҳолати риоя нашудани ин талабот ва сар задании сухтор молу амволи худи соикнон нобуд мешавад ва хисороти зиёди моддӣ мебинанд. Ҳамин аст, ки аз ташкили чунин чорабиниҳои тарғиботӣ сокинон низ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Анҷоми тадбири мазкур барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар самти риояиқоидаҳои бехатарии сӯхтор, пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва татбиқи ҳамаҷонибаи нақшачорабиниҳои хадамоти давлатии оташнишонӣ мусоидат менамояд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ