image

Ҷамъомади бошукӯҳи илмӣ-фарҳангӣ бахшида 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент

date_range15.11.2022, 13:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye250

Дар толори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ходимони давлатӣ, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ ва дигар нафарон ба ифтихори таҷлили сазовори 30-солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент ҷамъомади бошукӯҳи илмӣ-фарҳангӣ доир гардид.

Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии муовини аввали ректори Донишгоҳ Мирзоҳид Раҳимов оғоз гардида, мавсуф иброз доштанд, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихиест, ки тақдири миллати тоҷикро ба куллӣ иваз намуд. Ин санаи муҳими таърихӣ имконияти дубора эҳё гардидани давлати бузурги тоҷикон гардида, минбаъд поягузори асосии ваҳдату ягонагӣ ва тинҷиву суботкории халқи шарафманди кишварамон гардид. Маҳз бо василаи ҳамин санаи муҳими таърихӣ барои халқи сарбаланди Тоҷикистон Худованд роҳбареро овард, ки ҷони азизи худро дареғ надошта, манфиатҳои арзишманди миллатро минбаъд дар ҷойи авваал қарор дод.

Дар давоми маърӯзаи худ дигар иштирокдорон аз ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар намуда, нақши эшонро дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон бориз арзёбӣ карданд.

Инчунин ҳозирин дар идомаи суханрони хеш аз аҳамияти таърихии ин падидаи тақдирсоз ёдовар гардида, марҳилаҳои баргузории онро як-як ба ҳозирин иброз намуда ва қайд карданд, ки меваҳои Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарвоқеъ самараи дучандро ба бор овард.

Дар идома баромадкунандагон аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки зери ливои ягонагӣ сарҷамъ бошанд ва баҳри шукуфоии давлати азизамон Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

Дар фарҷом барномаи омоданамудаи бахши фарҳанги Донишгоҳ табъи ҳозиринро болида гардонид.