«Рӯзи ифтихори миллӣ ва нишасти тақдирсоз». Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид
Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Сино конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Рӯзи ифтихори миллӣ ва нишасти тақдирсоз» баргузор гардид.
Дар кори конференсияи илмӣ-амалӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташакили Вазорати корҳои дохилӣ ва роҳбарияту донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд.
Баромадкунандагон вобаста ба муҳтаво ва нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки маҳз ба туфайли қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ низоми нави давлатдории тоҷикон бунёд шуда, заминаҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуданд. Сокинони мамлакат иқдомҳои созандаи Сарвари давлатро бо меҳру муҳаббати гарму самимӣ пайгирӣ намуда, ба комёбиҳои бузург шарафёб гардиданд. Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз сиёсатмадорони ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои мубрам, ки барои башарият аҳамият доранд, истифода мебаранд.
Гуфта шуд, ки ризоияти миллӣ, сулҳу ваҳдат ва ягонагие, ки имрӯзҳо мардуми тоҷик ба он мушарраф гардидаанд, бо шарофати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ муяссар гардидааст.
Маърузачиён изҳор намуданд, ки вазъ то дараҷае мураккаб гардида буд, ки кам нафаре пайдо мешуд роҳбарии давлатро бар дӯш гирифта, истиқлолияти аз даст рафтаистодаро ҳифз намояд. Дар чунин шароит барои наҷоти миллат ва таъмини истиқлолияти давлатӣ роҳнамои хирадманд, сиёсатмадори қавиирода ва ватандӯсте чун боду ҳаво барои миллат зарур буд. Дар айёми барои халқи тоҷик тақдирсоз дар Қасри Арбоб Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва он ояндаи миллати моро куллан тағйир дод. Фарзанди фарзона ва далеру кордони халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳассостарини таърихи миллат ҷасурона бори вазнини ҳокимиятро ба дӯши худ гирифтанд.
Зикр шуд, ки ҷаласаи Шӯрои Олӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифода аз арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳурӣ таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаҳои мусоид муҳайё гарданд.
Қайд шуд, ки мо дар арафаи таҷлили ин санаи муҳим- 30 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар радифи омодагиҳо ба он мехостем чанд андешаи худро баён созем ва ин матлаб гузориши тақвимӣ набуда, инъикоси воқеоти бебаҳсест, ки моли таърих гаштааст.
Дар интиҳои чорабинӣ ба як қатор кормандон ва масъулини соҳа сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино тақдим шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ