image

ҶАМЪБАСТИ ФЕСТИВАЛИ ДӮСТИИ ҶАВОНОНУ ВАРЗИШГАРОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range15.11.2022, 20:24 chat_bubble_outline0 remove_red_eye349

шаҳри Душанбе, 15.11.2022 - Имрӯз дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе маросими ҷамъбаст ва қадршиносии ғолибон ва ҷоизадорони Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе таҳти унвони “Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!” дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардида, ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишии Фестивал аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадршиносӣ карда шуданд.

Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилшод Одиназода баромад намуда, ҳамаи иштирокчиён ва ғолибонро аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе табрик намуданд.

Қайд бояд кард, ки бо таваҷҷуҳ ва роҳнамоиҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ истиқбол гирифтани ҷашнҳои миллию таърихии “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “30 - солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз санаи 28 октябр то 14 ноябри соли ҷорӣ 3-юмин Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе “Таҳти унвони зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!” миёни муҳасилини донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди пойтахт баргузор карда шуд.

Фестивали мазкур, соли сеюм аст, ки доир гардида, ҳадафи аз баргузории он пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳисси миллӣ, худшиносиву ватанпарастии ҷавонон, ҷалби аҳоли ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳо тавассути варзиш, мусоидат дар рушди варзиш, таъмини оммавият, дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ, ҳавасмандии насли ҷавон нисбат ба дастгириҳои давлатӣ дар бахши варзиш ва пешгирии ҳолатҳои ҷинояткорӣ миёни насли ҷавон ба ҳисоб меравад.

Маросими расмии ифтитоҳи Фестивал санаи 2 ноябр дар вазъияти тантанавӣ бо фарогирии беш аз 3000 нафар ҷавонону варзишгарон дар толори Муассисаи давлатии “Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ”-и шаҳри Душанбе баргузор карда шуд.

Дар давоми 18 рӯзи баргузории Фестивал, аз рӯи 7 намуди варзиш аз ҷумла, футбол, волейбол, баскетбол, тенниси рӯйи миз, шоҳмот, гӯштини миллӣ ва варзиши сабук мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардида, дар умум 2324 нафар барои иштирок дар мусобиқаҳо сабти ном карда, дар натиҷа 237 нафар ғолиб гашта, дар макони баргузории чорабиниҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Инчунин, аз ҷониби сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ҳамомҳангии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр таҳти унвони “30-соли ҳамбастагӣ бо ҷавонон бо пешвои миллат” 30 ҳамоиши илмӣ дар муассисаҳои оливу касбии таълимӣ, зинаҳои таҳсилот 16 Барномаи фарҳангӣ дар амфитеатрҳои ҳудуди пойтахт, чорабиниҳои гуногун дар маҳаллаҳои аҳолинишин ва мунтазам чорабиниҳои омӯзишию иттилоотӣ миёни ҷавонон баргузор карда шуд, ки дар ин чорабиниҳо беш аз 5 ҳазору 700 нафар сокинону меҳамонони пойтахт, хоса ҷавонон фаро гирифта шуданд.

Аз оғози расмии Фестивал то анҷоми он наздик ба 12 ҳазор нафар сокинони пойтахт, аз ҷумла ҷавонон ҷалб гардида, ба ҳавасмандиҳо ва иттилооти зарурӣ фаро гирифта шуданд.

Дар охири Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе таҳти унвони “Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!” баҳри болидахотирии аҳли нишаст, барномаи фарҳангӣ-фарағатӣ саршор аз сурудҳои тараннуми Ватану Меҳан манзур карда шуд.