image

Таҷлили 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амонатбонк

date_range16.11.2022, 12:16 chat_bubble_outline0 remove_red_eye328

15-уми ноябри соли 2022 дар Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Роҳбарият ва кормандони БДА ҶТ “Амонатбонк”, меҳмонон, собиқадори меҳнат ва роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ ширкат варзиданд.

Дар оғоз Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ С.С. иштирокдорони чорабиниро бо ҷашнҳои воқеан ҳам арзишманду таърихӣ 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфт.

Гуфта шуд, ки нақш ва баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ басо арзишманд буда, дар ҳаёти сиёсии кишвари мо гардиши куллиро ба миён овард, ки бо саъю ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат, давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ба самти низоми нави давлатдории дунявӣ, ҳуқуқбунёду демократӣ равона гардид.

Ҳамзамон дар ҳамоиши ҷашнӣ муовини сардори Идораи ҳуқуқи Бонк, бо ёдоварӣ аз таърихи баргузории Иҷлосияи тақдирсоз иброз дошт, ки дар санаи 16-ноябр то 2-декабри соли 1992 Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар қасри хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхуҷаев баргузор гардида, заминаи мусоиде барои рушди ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистон фароҳам овард.

Дар Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олӣ роҳбарияти нави мамлакат интихоб гардид. Маҳз Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт. Иҷлосияи ХVI-ум собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳамагуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ собит ва ҳифз менамояд.

Дар идома собиқадори меҳнат, ходими шинохтаи давлатӣ, Низорамоҳ Зарипова аз ҷараёни баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, қайд кард, ки дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши Миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дода, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанд. Боиси хушнудист, ки давлат ва миллати мо дар ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ роҳбари худро пайдо намуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ низ дар чорабинӣ вобаста ба рушди давлатдорӣ пас аз Иҷлосияи тақдирсоз баромад намуд.

Дар охири чорабинӣ ба хотири фаъолияти назаррас ва саҳми арзишманд дар ҷодаи фаъолият як зумра кормандон бо Ифтихорномаи БДА ҶТ “Амонатбонк” сарфароз гардонида шуданд.