image

Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ

date_range16.11.2022, 13:22 chat_bubble_outline0 remove_red_eye201

Бо ибтикори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе дар Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ чорабинии идона бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияту намояндагони Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе, доираи васеи олимони илму адаб иштирок намуда, доир ба нақши Президенти кишвар дар таҳкими давлатдорӣ ва аҳамияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.

Дар рафти суханронӣ иброз гардид, ки бо хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурии соҳибистиқлоламон дар дунё маъруфу сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти мамлакат дастгирӣ ёфт.

Дар рафти суханронии намояндагон иброз гардид, ки дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шавқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳанги ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ ҳидоят намуд.