Кормандони соҳаи маориф дар мавзӯи “Иҷлосияи таърихии саодатофар” ҳамоиш доир намуданд
“Иҷлосияи таърихии саодатофар” таҳти чунин унвон Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71 ба номи Юсуф Акобирови ноҳияи Шоҳмансур доир гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарияту намояндагони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур ва омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71 иштирок карданд.
Сараввал, доир ба муҳимияти Иҷлосияи тақдирсоз ва саҳми Пешвои миллат дар бунёди давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол ибрози андеша гардид.
Дар идома хонандагони фаъоли муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71 вобаста ба сулҳу суботи кишвар, нақш ва мақоми Президенти мамлакат дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон шеърҳо қироат карданд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 инҷониб санаи 16-ноябр ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Дар воқеъ, Пешвои миллат давоми солҳои соҳибистиқлоли давлатӣ тавонист, бо сиёсати хирадмонданаву созандаи хеш кишвари маҳбуби моро ба дастовардҳои чашмрас ноил гардонад. Маҳз амалҳои ҷоннисоронаи ин марди хирад мебошад, ки мардуми сарбаланди тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати дорои фарҳанги бою ғанӣ шинохта гардидааст.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ