«Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат». Аксияи тарғиботӣ-ташвиқотии ҷавонони ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандон ва волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаву хиёбонҳои ҳудуди ноҳия аксияи тарғиботӣ-ташвиқотӣ таҳти унвони «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат» ташкил ва баргузор гардид.
Дар аксияи тарғибоиву ташвиқотӣ, ки дар хиёбони Рӯдакӣ сурат гирифт, намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва волонтёрон иштирок намуданд.
Бояд қайд намоем, ки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз баробари интихоб шуданашон ба вазифаи раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди фақузикрро басо дақиқу аниқ дарк намуда, тавассути сиёсати хирадмандонаи хеш ду рисолати сирф таърихиро ба ҷо оварданд, ки яке эҳёи давлатсозии миллӣ ва дигаре ташаккули шуури миллӣ буд.
Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду инкишофи давлатдории навини тоҷикон, таҳкими соҳибистиқлолӣ, эҳёи хотираи таърихӣ, рушди илму маориф ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва бақодории миллат саҳми босазо доранд.
Рӯзи Президент ҷашни пурифтихори миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки на танҳо рушди ҷаҳонбинию анъанаҳои мардумро афзун менамояд, балки хизматҳои бесобиқаи Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масири давлатдории миллӣ ва баровардани кишвар аз буҳрони сахти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ тақвият мебахшад.
Инчунин дар ҷашни Рӯзи Президент мо бояд ҳифзи манфиатҳои миллии Тоҷикистони азизро ҳамчун неруи пешбарандаи рушди ҷомеа ҳисобида, Президенти мамлакатро кафили пешрафти давлату миллат ва эҳёгари давлатдории навини миллӣ арзёбӣ намоем.
Бояд тазаккур дод, ки Рӯзи Президент ҷашни асосии эътимоднокӣ ва боварӣ доштан ба Президенти мамлакат ва қадр намудани хизматҳои шоёни ӯ барои ҳифзи давлату миллати тоҷикон мебошад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ