image

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тантана таҷлил намуд

date_range16.11.2022, 15:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye331

Тантанаҳои идона ба муносибати 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо намоиши дастовардҳо оғоз гардид. Роҳбарияти ноҳия ва меҳмонони ҳамоиши идона нахуст бо дастоварду пешравиҳои муассисаҳои олии таълимии ҳудуди ноҳия шинос шуданд.

Қисмати расмии чорабинии марказии ҷашнӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ворид гардидани Парчам ба макони тантанаҳои идона ва пешниҳоди суруди миллӣ оғоз гардид.

Роҳбарияти ноҳия, масъулини сохтору мақомоти ноҳиявӣ, вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ кормандони сохторҳои ноҳиявӣ, хоса аҳли маорифу тандурустӣ бо қадрдониву арҷгузории шосита ба ин рӯз ин санаи мубораку фархундаро истиқбол гирифтанд.

Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ доир ба арзишҳои истиқлоли кишвар, сулҳу ваҳдати комил, бунёди корхонаҳои азими саноатӣ ва дастовардҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ширкатдорон баромад намуданд.

Зикр шуд, ки дар доираи татбиқи бомароми сиёсати давлатии ҷавонон барои кору таҳисли ин қишри ҷомеа низ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шудааст.

Ҷойи таъкид аст, ки таҷлил намудани ин сана пеш аз ҳама эҳтирому арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни таҳсини сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва институти Президентӣ дар кишвар мебошад.

Ҳамзамон олимону донишмандон низ дар ин ҳамоиши идона ба муносибати 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, нақши Иҷлосияро барои рушди марҳалаҳои давлатдорӣ ва расидани миллати тоҷик ба саодату хушрӯзӣ махсус таъкид намуданд.

Дар идома зикр рафт, ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшида, заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллию сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

Бо пешниҳоди суруду тарона ва саҳнаҳои ҷолиб ин сана дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт идома ёфт. Аҳли фарҳанги ноҳия бо ҷалби ҳунармандони варзида ва устодони санъат бо омодагии ҳамаҷониба барномаи ҷолиби фарҳангиро пешниҳоди аҳли толор намуданд, ки хеле хотирмон буд.

Ҷойи таъкиди хос аст, ки маҳз дар доираи талошҳои пайгирона ва заҳматҳои хастанопазири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо рушд намуда дар тамоми бахшҳо дастовардҳо назаррасанд ва ҳоло дар мамлакат шароити арзандаи кору фаъолият муҳайё гардидааст. Қисматҳои асоси чорабинии навбатӣ низ фарогири ин дастовардҳо ва шукргузорӣ аз кишвари маҳбубамон буд.