Конференсияи илмӣ-амалӣ зери унвони «Саҳми Пешвои миллат дар ҳаёти сиёсии занон» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Дар конференсияи илмӣ-амалӣ зери унвони «Саҳми Пешвои миллат дар ҳаёти сиёсии занон» роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе ва роҳбарияту хонандагони муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд.
Баромадкунандагон вобаста ба муҳтаво ва нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки маҳз ба туфайли қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ низоми нави давлатдории тоҷикон бунёд шуда, заминаҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуданд.
Сокинони мамлакат иқдомҳои созандаи Сарвари давлатро бо меҳру муҳаббати гарму самимӣ пайгирӣ намуда, ба комёбиҳои бузург шарафёб гардиданд.
Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз сиёсатмадорони ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои мубрам, ки барои башарият аҳамият доранд, истифода мебаранд.
Гуфта шуд, ки ризоияти миллӣ, сулҳу ваҳдат ва ягонагие, ки имрӯзҳо мардуми тоҷик ба он мушарраф гардидаанд, бо шарофати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ муяссар гардидааст.
Маърузачиён изҳор намуданд, ки вазъ то дараҷае мураккаб гардида буд, ки кам нафаре пайдо мешуд роҳбарии давлатро бар дӯш гирифта, истиқлолияти аз даст рафтаистодаро ҳифз намояд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ