image

Чорабинии маърифатӣ дар Маҷмааи истиқлол ва озодӣ ба ифтихори Рӯзи Президент ва 30-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ

date_range16.11.2022, 19:53 chat_bubble_outline0 remove_red_eye208

Дар доираи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар Маҷмааи истиқлол ва озодӣ чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ дар якҷоягии Маҷмааи истиқлол ва озодӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу роҳандозӣ гардид.

Зимни суханронии хеш масъулин доир ба нақш ва мақоми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Маҷмааи Истиқлол ва озодӣ, сулҳу суботи кишвар, таҳкими давлатдорӣ ва Ваҳдату ягонагӣ ибрози андеша карданд.