image

Ташкили машғулияти намунавӣ ба хотири тақвияти маҳорати тарбиятгирандагон дар Кӯдакистони №17-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range17.11.2022, 15:16 chat_bubble_outline0 remove_red_eye445

Ҷиҳати табодули таҷрибаи ҳамдигарӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ чанд муддат инҷониб дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ машварат доир гардида истодааст, ки дар кори он мудирони кӯдакистонҳо ширкат менамоянд.

Дар машварати навбатие, ки дар Кӯдакистони №17-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир шуд, мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуда, аз ҷараёни баргузории машғулият дар гуруҳи омодагӣ ба мактаби Кӯдакистони №17 дидан карданд.

Мураббияи кӯдакистон бо истифода аз усули нави тарбия дар ҳузури мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ машғулияти ҷолибро гузаронид. Тавре, ки коршиносони соҳа изҳор медоранд машварат ба хотири рушди малакаи ва маҳорати педагогии ҳар яке аз мураббиёни кӯдакистонҳо кӯмак расонида дар ин замина онҳо имкон доранд, ин усулҳоро дар гуруҳҳои худ бо кӯдакон гузаронанд.

Тавре зимни машғулият мушоҳида гардид, пас аз анҷоми ҳар як бахши он мураббия ҳамроҳи кӯдакон бозиҳои гуногунро барои таннафӯс ва рафъ намудани хастагии равони кӯдакон доир намуд. Равоншиносон изҳор медоранд, ки машғулиятҳои варзишӣ дар боғча баҳри кӯдакон барои сайқаи нери ақлонии онҳо низ хеле муфид аст ва мураббиёни кӯдакистонро зарур аст, ки бо кӯдакон аз усулҳои нав кор гирифта, онҳоро рӯҳбаланд намоянд.

Дар идомаи машварати мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томакабӣ иштирокчиёни он дар толори фарҳангии кӯдакистон аз барномаи зебои хурдсолони кӯдакистони №17, ки ба ифтихори Рӯзи Президент ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, буд дидан намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади тарбияи дурусти кӯдакону наврасон дар муҳити боғча аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе як қатор қонун ва барномаҳои дахлдори соҳавӣ қабул гардида, мавриди амал қарор доранд, ки аз ҷумлаи онҳо барномаи «Рангинкамон» барои тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томакатбӣ дониста мешавад.