image

Баргузории чорабинии идонаи тантанавӣ таҳти унвони “Тулӯи хуршед” аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

date_range17.11.2022, 15:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye281

Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бахшида ба 30 - солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент таҳти унвони “Тулӯи хуршед” чорабинии идонаи тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинии сиёсӣ дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6- шаҳри Душанбе доир шуд, ки дар он масъулину кормандони сохторҳои ҳизбии пойтахт, устодону омӯзгорон ва олимону коршиносон иштирок карда, вобаста ба нақши Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду пешрафти Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки имрӯз аз баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ, ки дар таърихи навини Тоҷикистон гардиши куллӣ ба хотири наҷоти миллат ва давлат аст, роҳи минбаъдаи пешрафти давлат ва халқи Тоҷикистонро муайян кард, расо 30 сол сипарӣ мегардад.

30 сол муқаддам, яъне 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки чорабинии зикршуда бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву меҳанпарастии насли наврас мусоидат менамояд.

Дар қисмати дигари чорабинии сиёсӣ дар яке аз синфхонаҳои ин муассиса дарси кушод, роҷеъ ба рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ баргузор шуд.