Мулоқоти масъулини бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим бо имомхатибон
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқоти масъулини бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо имомхатибони масчидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи пойтахт доир гардид.
Дар мулоқоти навбатии бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имомхатибони мачидҳои ҷомеъу панҷвақта ва мудирони бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар ноҳияҳои пойтахт иштирок намуданд.
Дар оғози мулоқот намоянадаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ашаккули фарҳангӣ ва таърихии тоҷикон» маъруза намуда, изҳор дошт, ки ҷаласаи Шӯрои Олӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифода аз арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳурӣ таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаҳои мусоид муҳайё гарданд.
Ҳамзамон дар идомаи мулоқот намояндагони Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулин дар мавзуҳои «Усули мазҳаби ҳанафӣ дар таҳамалпазирӣ», «Иқдоми 15 сол қабл пешгирифтаи Пешвои миллат дар самти танзими анъана ва ҷашну маросим-иқдоми зарурӣ ва саривақтӣ» ва «Моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, андешаҳои худро дар ин самт баён доштанд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ