image

Намоиши «Табиби хасакӣ»-и Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бухоро манзури тамошобинони тоҷик гардид

date_range18.11.2022, 14:27 chat_bubble_outline0 remove_red_eye281

Шурӯъ аз 15 ноябр ҳунармандони Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши «Табиби хасакӣ»-ро пешкаши тамошобинон гардонида истодаанд.

Намоиши мазкур дар як рӯз ду-се маротиба бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешкаши дӯстдорон ва ҳаводорони театри лӯхтак гардонида шуда истодааст.

Лозим ба зикр аст, ки Намоиши театрии «Табиби хасакӣ» аз рӯи афсонаҳои тоҷикӣ гирифта шуда, барои наврасони аз 5-сола боло омода шудааст. Муҳтавои намоиш чунин аст: Ноғлой пиразане мебошад, ки мехоҳад беазоб сарватманд шавад. Ҳамин тавр вай роҳи нодурустро пеш мегирад ва духтари подшоҳро заҳролуд мекунад. Худро ба подшоҳ барои табобат кардани малика ҳамчун табиб шинос менамояд. Аз табобат бехабар будан ва ба роҳи фиреб рафтанаш ошкор шуда, оқибат ӯро аз кишвар берун мекунанд. Духтари подшоҳро табиби асл Ибни Сино бо шири уштур табобат мекунад.

Коргардони намоиш Муноҷот Эргашева буда, дар он ҳунармандон Елена Вардашева, Зулола Қаршиева, Алишер Тошпулодов, Беҳрӯз Муҳидов нақшҳои бар душ доштаи хешро дар сатҳи хуб офариданд.

Ёдрас мешавем, ки ба роҳ мондани чунин намоишномаҳои театрӣ дар самти тарбия намудани насли наврас ба ростқавлӣ накӯкорӣ ва донишазхудкунӣ мусоидат менамоянд. Ҳамзамон, даъват намудани ҳунармандони театрҳои дигар кишварҳо низ барои мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат миёни ҳунармандон инчунин мубодилаи таҷрибаи якдигар нақши муносиб дорад.

Намоиши «Табиби хасакӣ»-и Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе то 22 ноябр идома хоҳад ёфт.