image

Маросими қадрдонии ғолибони 14-ум Олимпиадаи байналмилалии «Дониш» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range21.11.2022, 09:22 chat_bubble_outline0 remove_red_eye325

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳия дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони 14-уми Олимпиадаи байналмилалии «Дониш» ки аз 30-юми октябр то 6-уми ноябр дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия доир гашт, баргузор шуд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, роҳбарияти Шуъбаи маорифи ноҳия, роҳбарону хонандагони муасисаҳои таълимӣ иштирок намуданд. Зикр шуд, ки дар Олимпиадаи байналмилалӣ барои хонандагон ва донишҷӯён, ки шахри Анталия баргузор шуд, аз миёни хонандагони шаҳри Душанбе, ки теъдодашон 195 нафарро ташкил медоданд, 95 нафари онҳо сазовори медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд.

Дар олимпидаи мазкур 10 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ бо медал ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Бояд қайд кард, ки хонандагон дар ин олимпиада бо забони русӣ дониши худро санҷиданд. Олимпиада аз рӯи фанҳои забони англисӣ, математика, арифметкаи зеҳнӣ, забони русӣ, география, физика, химия, биология, таърихи умумӣ ва шоҳмот гузаронида шуд. Хонандагони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ аз ҷумлаи фаъолони олимпиада буданд. Дар ин иртибот ба ғолибони олимпиадаи мазкур Сипоснома ва мукофотпулиҳои раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим шуд.

Маврид ба зикр аст, ки 14-ум Олимпиадаи байналмилалии «Дониш» чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ буда, ҳамасола шумораи иштирокчиёнаш меафзояд. Соли сипаригардида дар ин олимпиада, 74 даста аз 14 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Туркия, Афғонистон ва Покистон иштирок намуда буданд. Соли равон низ хонандагони бомаҳорати шаҳри Душанбе дар ин олимпиада, ки дар шаҳри Анталияи Туркия доир гашт, ширкат намуда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Дар интиҳои чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ манзури иштирокчиён гардид.