image

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42

date_range21.11.2022, 14:44 chat_bubble_outline0 remove_red_eye341

Дар идомаи татбиқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ба хотири таҷлили сазовор аз Рӯзи Парчами давлатӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 бо ҷалби хонандагони фаъол чорабинии фарҳангӣ доир гардид.

Зимни баргузории чорабинӣ хонандагон ба ин муқаддастоти миллӣ, яъне Парчами давлатӣ арҷгузорӣ намуданд. Чорабинии ин муассисаи таълимии шаҳри Душанбе аз шеъру тарона, рақсу суруд ва саҳнаҳои ҷолиб иборат буд. Хонандагон бо маҳорати хоса ва эҳсоси баланди меҳанпарастӣ доир ба ин санаи муҳими таърихӣ, яъне Рӯзи Парчами давлатӣ шеър қироат намуданд.

Ташкилкунандагони ин маҳфили фарҳангӣ изҳор доштанд, ки бо дарки ифтихор аз асолати давлатдориву давлатсозии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самимият ба ҷойгоҳи ӯ дар бунёди давлати миллӣ, аз ҷумлаи қабули рамзҳои давлатдорӣ, Парчам аз ҷумлаи онҳо аст.