Мусобиқаи "Дави дӯстӣ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе
20-уми ноябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи "Дави дӯстӣ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид.
Ин чорабинӣ дар доираи 30 – солагии ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон бахшида ба 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе доир карда шуд.
Дар маросими ифтитоҳи ин мусобиқа муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Душанбе Вирач Сингх, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Зимни суханронии худ масъулин иброз доштанд, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон сол то сол дар ҳама намуди соҳаҳо рӯ ба рушд аст ва ташкилу роҳандозии ин гуна чорабиниҳо боз ҳам дӯстиву рафоқати ин ду кишварро қавитар месозад.
Пас аз анҷоми маросими кушодашавии мусобиқа, “Дави дӯстӣ” сурат гирифт. Бояд гуфт, ки дав дар ин чорабинӣ ду масофа 3.1 км ва 7.5 км дар бар мегирифт.
Дар чорабинии мазкур донишҷӯёну хонандагон ва мураббиёну варзишгарони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, муассисаҳои тайёрии варзишии ҷумҳуриявию шаҳрӣ ва хоҳишмандону ҳаводорони варзиш, меҳмонону сокинони пойтахт иштироки фаъолона намуданд.
Ҳамин тавр дар масофаи 3,1 км миёни мардон аввалин шуда хати мараро Зуҳуршоҳи Наҷмиддин ба даст овард. Ин варзишгар дастпарвари мактаби варзиши рақами 3 оид ба варзиши сабук мебошад.
Миёни мардон, ки масофи 7.5 км дар бар мегирифт донишҷӯи бахши чоруми Донишкадаи тарбияи чисмонӣ ба номи С.Раҳимов, Самариддин Азимов мақоми аввалро соҳиб шуд.
Аз миёни занон низ дар масофи 7.5 км донишҷӯи бахши аввали Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи С.Раҳимов, Раҷабмоҳ Абдуллоева бори нахуст аст, ки дар чунин мусобиқахо иштирок меварзад, тавонист аз ҳарифони худ пеш гузараду соҳиби ҷои аввал гардад.
Баъди анҷоми Дави дустӣ дар фазои тантанавӣ маросими ҷоизасупорӣ баргузор шуд, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе ба ҳамаи иштирокчиёни мусобиқа Диплом ва ҳамчунин тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ