Фестивали наврасони пойтахт таҳти унвони «Тоҷикистон, ба пеш!» ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи баргузор намудани Фестивали варзишии наврасони пойтахт таҳти унвони «Тоҷикистон, ба пеш» ба имзо расид.
Фестивали мазкур аз 22-юм то 24-уми ноябр дар майдони варзишии «Душанбе Арена» баргузор мегардад.
Дар асоси ин қарор нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба баргузории Фестивали наврасони пойтахт таҳти унвони «Тоҷикистон, ба пеш!», ҳайати кумитаи тадорукот ва харҷномаи Фестивал тасдиқ гардидааст.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе-сарпарасти соҳа, Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ», Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе вазифадор шуданд, ки дар ҳамкорию ҳамоҳангсозӣ бо Кумитаи тадорукот, Федератсияҳои футболи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раисони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт тадбирҳои зарӯрӣ андешида, ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ доир гардидани фестивали мазкур чораҷӯӣ намоянд.
Тақвим
« Декабрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ