Ҳамоиши ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамасола дар кишвари мо 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Вобаста ба ин имсол дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳия ва тасдиқ шудааст. Зимнан бо мақсади иҷрои ин нақша-чорабинӣ бо ибтикори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷашнӣ баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ роҳбарияти Раёсат, масъулини сохторҳои тандурустии шаҳр ва табибон ширкат доштанд. Ба ҳайси меҳмон дар ҷамъомади табибони шаҳр раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ширкат намуда, доир ба таърихи парчамдории кишвари мо андешаҳои худро баён дошт. Ҳамзамон зикр шуд, ки имрӯзҳо кишвари моро дар арсаи ҷаҳон бо парафшон намудани парчам фарзонафардони миллат муаррифӣ менамоянд. Дар робита ба аҳамияти парчам ва арзиши он нотиқони ҳамоиш баромад намуданд.
Ҷойи таъкид аст, ки ҳамаи санаҳои муҳимми таърихӣ дар Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо эҳтироми хоса таҷлил мегардад.
Тақвим
« Декабрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ