image

Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Тарзу восита ва методикаи таълими ҳуқуқи инсон» дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

date_range22.11.2022, 15:46 chat_bubble_outline0 remove_red_eye217

Дар толори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Тарзу восита ва методикаи таълими ҳуқуқи инсон» баргузор гардид.

Дар семинари омӯзишӣ муовинони аввали директорон оид ба таълим ва омӯзгорони фанни ҳуқуқи инсон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зимни баромади иштирокчиён гуфта шуд, ки ҳуқуқ ба таҳсил яке аз ҳуқуқҳои калидии ҳар як инсон арзёбӣ мегардад.

Инчунин гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд қонунгузории миллиро ба талаботи санадҳои байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда, аз ҷумла Конвенсияи зикршуда мутобиқ намудааст. Дар баробари ин, қонунгузории миллӣ дар ин самт дар асоси меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, зеро кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқ ба таҳсил, инчунин ройгон ва ҳатмӣ будани таҳсилоти умумии асосӣ дар модда 41 Конститутсия муқаррар шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият ҷиҳати таъмин намудани ҳукуқи кӯдакон ба таҳсил ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Дар ин самт ҳуҷҷатҳои зиёди стратегӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд. Ҳамасола муассисаҳои нави таълимӣ сохта ба истифода дода шуда, заминаҳои моддӣ-техникӣ беҳтар гардида, муассисаҳои соҳаи маориф бо воситаҳо ва маводи таълимӣ таъмин карда мешаванд.

Ҳамзамон иштирокчиён дар мавзӯҳои «Ҳуқуқи инсон арзиши муҳими тамаддуни инсонист», «Раванди татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026», «Моҳияти ҳуқуқи инсон, «Методҳои гуногун дар дарсҳои ҳуқуқи инсон» баромад намуданд.