image

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

date_range23.11.2022, 08:53 chat_bubble_outline0 remove_red_eye205

Арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддас ва ифтихори милливу меҳанпарастии ҳар як фарзанди содиқи Ватан маҳсуб меёбад. Парчами давлатӣ дар баробари дигар рамзҳои асосии давлатдорӣ муаррифгари Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” ҳамаи Шуморо бо Рӯзи Парчами давлатӣ, ки ҳамасола 24 ноябр таҷлил карда мешавад, самимона табрику таҳният гуфта, баҳратон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори пурфайзу ояндаи дурахшон таманно дорад.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!