image

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Донишгоҳӣ байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

date_range23.11.2022, 09:43 chat_bubble_outline0 remove_red_eye347

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки устодону донишҷӯён ва Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ-фарҳангӣ доир гардид.

Чорабинӣ, бо садо додани суруди миллӣ оғоз ёфт. Зимни чорабинӣ роҳбарияти Доишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сухан карда зикр намуд, ки бақои ҳар як халқу миллат ба давлатдорӣ, соҳибистиқлолӣ, худшиносӣ, ҳифзу нигоҳдории арзишҳои миллии он дар даврони гуногуни таърихӣ иртиботи зич дорад.

Дар идома Вакили Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Раҳмат низ ба сухан баромада вобаста ба нақш ва мақоми парчам дар эъмори давлатдории миллӣ маърӯза карданд.

Гуфта шуд, ки дар даврони соҳибистиқлоли беш аз пеш ба масъалаи баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва ифтихор аз ватандорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад.

Боиси қайд аст, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватандӯст нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми меҳандусти Тоҷикистони азиз зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона кору фаъолият менамоянд.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин пос доштани арзишҳои миллӣ ва ёдовар гардидан аз дастовардҳои беназири халқи тоҷик мебошад.

Дар фарҷом аз ҷониби дастаи ҳаваскорони Донишгоҳ чорабинии консертӣ доир гардид.