image

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range24.11.2022, 11:49 chat_bubble_outline0 remove_red_eye289

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд.

Дар чорабинӣ роҳбарияти ноҳия, кормандони дастгоҳи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томакатбӣ иштирок намуданд.

Зимни маҷлиси тантанавӣ раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ изҳор дошт, ки парчами озодӣ ва соҳибдавлатии халқи тоҷик дар Иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсози ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва баъдан, 24 ноябри соли 2009 Рӯзи Парчами давлатӣ эълон шуд, ки имсол ба ин санаи муҳим даҳ сол пур мешавад.

Дар охири чорабинӣ барномаи фарҳангӣ низ пешниҳоди аҳли толор гардонида шуд.