image

Ҷаласаи намояндагони кумитаҳои дахлдори парлумони кишварҳои аъзои ГАО баргузор гардид

date_range25.11.2022, 10:51 chat_bubble_outline0 remove_red_eye316

Дар ҷаласаи 37-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё (ГАО) оид ба муқовимат бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода сухан карда, доир ба саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ибрози назар намуд.

Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун узви ГАО (Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм) бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир тадбирҳои саривақтӣ ва муассир меандешад.

Иштирокдорони ҷаласаи 37-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё (ГАО) оид ба муқовимат бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм масъалаҳои марбут ба таҳдидҳо, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа, даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, вазъи кунунии ҷаҳон, афзоиши дигар шаклҳои ҷинояткорӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудаву ба пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишварҳои ҷаҳон халал эҷод менамоянд, баррасӣ намуда, пешниҳодҳои судманд баён карданд.

Инчунин дар ҷаласаи 37-уми пленарии ГАО ҳисоботи кишвархои аъзои гурӯҳи мазкур шунида шуд. ГАО яке аз гурӯҳҳои минтақавӣ буда, соли 2004 таъсис ёфтааст. Ҳадафи он мусоидат ба таҳкими низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар кишварҳои аъзо ва минтақа мебошад. Алҳол Россия, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Чин ва Ҳиндустон аъзои ГАО шомил мебошанд.

Тоҷикистон аз соли 2004 инҷониб узви ГАО буда, соли 2014 ҷаласаи нахустини ГАО (Гурӯҳи Авруосиё) дар Душанбе баргузор гардида буд.