image

Таҷлили Рӯзи Прачами давлатӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

date_range25.11.2022, 11:16 chat_bubble_outline0 remove_red_eye240

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Прачами давлатии ҶумҳурииТоҷикистон бо иштироки васеи омӯзгорону донишҷӯён чорабинии тантанавӣ бо шукӯҳу хотирмон доир гардид.

Зимни чорабинии тантанавӣ нахуст раёсати донишгоҳ ҳозиринро ба ин санаи фархунда таҳният гуфта, иброз намуданд, ки пас аз ба даст овардани Истиқлоли комили сиёсӣ бо ташаббус ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои асосии давлатдорӣ таҳия ва тасдиқ гардида, ба сохти давлатдорӣ ва рукнҳои он заминаи воқеӣ гузошта шуд.

Дар идомаи чорабинӣ Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки бо ибтикори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар он 30 донишҷӯ аз 13 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд, ҷамъбаст гардид.

Ҳамин тариқ, ғолибон бо Диплом, мукофотпулӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатӣ дар донишгоҳ суруду таронаҳо, ки тараннумгари меҳри ватан, истиқлолу озодӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ буд, пешниҳоди ҳозирин карда шуд.