image

Рӯзи Парчами давлатӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино

date_range25.11.2022, 11:22 chat_bubble_outline0 remove_red_eye249

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино бо шукӯҳ ва хотирмон таҷлил карда шуд.

Таърихи парчамдории миллати тоҷик, нақши парчам дар муаррифии миллату давлат, парафшонии парчам дар минбару созмонҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзу муқаддас шумурдани ин арзиши олии давлатдорӣ аз мавзӯҳое буданд, ки иштирокчиёни ҳамоиш атрофи мулоҳизаронӣ карданд.

Зикр шуд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ буда, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст.

Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатдорӣ ба ифтихори дастоварду музаффариятҳои фарзандони далеру ватандӯсти миллат дар майдонҳои варзишӣ ва дигар ҳамоишу мусобиқоти ҷаҳонӣ баробари садо додани Суруди миллии Тоҷикистон боло мешавад ва барафрохта шудани он дар замири ҳар фарди ватандӯсту худшинос эҳсоси пируӯзиву садоқатмандӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллиро бедор менамояд.

Дар идомаи ҳамоиш дигар иштирокчиён низ оид ба таърихи парчамдории миллати тоҷик, нақши Парчам дар муаррифии миллату давлат ва тавони муттаҳидсозандаи ин рамзи муқаддасу олӣ суханронӣ карда аз ҷумла иброз доштанд, ки аз давраҳои бостонӣ парчам барои мардуми кӯҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳувяти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба ҳисоб рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннсиориҳо кардаанд.