image

Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дар Суди шаҳри Душанбе

date_range25.11.2022, 11:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye242

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Суди шаҳри Душанбе маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Маҷлиси тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони Суди шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Зимни баромади роҳбарият қайд карда шуд, ки нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдат, ва таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон басо бузург мебошад.

Баромадкунандагон ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, зикр намуданд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз дар саросари мамлакат Рӯзи Парчами давлатиро бо ҳисси баланд ва эҳтирому ифтихор таҷлил намуда, Парчами давлатиро ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, давлатдории миллӣ ва мояи ифтихору сарбаландии хурду бузург пос медоранд.