image

МАРОСИМИ ҶАМЪБАСТИ ФЕСТИВАЛИ ВАРЗИШИИ НАВРАСОНИ ПОЙТАХТ ТАҲТИ УНВОНИ “ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ” БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПОЙТАХТ

date_range25.11.2022, 14:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye177
шаҳри Душанбе, 25.11.2022 - Дар толори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон маросими қадрдонии ғолибони Фестивали варзишии наврасони пойтахт таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш” бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Қайд бояд кард, ки чорабинӣ дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 21 ноябри 2022, №631 Дар бораи баргузори намудани Фестивали варзишии наврасони пойтахт таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар чорабини муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар баромад намуда, ҳамаи ғолибон ва фаъолони фестивалро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳният гуфтанд.

Хотиррасон бояд намуд, ки дар фестивали мазкур 70 даста бо фарогирии 800 нафар кӯдакону наврасони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт иштирок намуда,тули ду рӯз маҳорату малакаи хешро нишон доданд.
Баъд аз супоридани туҳфаву ифтихорномаҳо, барои аҳли нишаст чорабинии зебои фарҳангӣ намоиш дода шуд.