image

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Рӯзи Парчамро ҷашн гирифт

date_range25.11.2022, 15:23 chat_bubble_outline0 remove_red_eye270

Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол” бо иштироки шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Парчами миллӣ” баргузор гардид. 

Ҳамоиши навбатӣ бо садо додани суруди миллии Тоҷикистон оғоз гардид. Сипас, иштирокдорон ҳамоишро ифтитоҳ карда, ҳозиринро ба ин санаи фархунда табрик намуда, иброз доштанд, ки Парчам рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус буда, имрӯз ин рисолатро баёнгар аст.

Қайд гардид, ки “таърих гувоҳи он аст, ки миллатҳои гуногун давлатдории худро зери Парчам ҳифз ва поягузорӣ намуда, орзуву мароми худро дар ин рамзи давлатӣ нақшгузорӣ намудаанд. Парчами мо низ бо эълон доштани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои дунё дар назди бинои ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ- Созмони Милали Мутаҳид партовафшон гардид, ки давлати моро ба ҷаҳониён муарифӣ намуд».

Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб вобаста ба нақш ва таърихи парчамдории миллати тоҷик суханронӣ намуда, қайд кард, ки “Дар ҳама давру замонҳо шоирону нависандагон ҳамеша парчами миллиро васфу ситоиш намуда, дар васфи ин муқаддасоти миллӣ шеъру китобҳои бешумор навиштаанд, ки то замони мо расидаанд».

Ҳамчунин дигар иштирокдорон низ дар баромади хеш иброз доштанд, ки Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари асосҳои давлат ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. 

Дар фарҷом ба як қатор ҷавононе, ки ба сафи ҲХДТ пайвастан шаҳодатномаҳои ҳизбӣ бо тантана тақдим карда шуданд.