image

Ҷаласа ба муносибати 60-солагии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе

date_range25.11.2022, 20:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye339

Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе таърихи тӯлоние дорад ва яке аз ташкилотҳои аввалини собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон ба шумор меравад ва ҳамчун сексияи Душанбегӣ соли 1962 таъсис ёфтааст, ки имсол 60-солагии таъсисёбии он қайд гардид.

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар робита ба 60-солагии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе чорабинӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни ҷаласа ба муносибати 60-солагии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва роҳбарияти Шӯрои собиқадорони шаҳр, инчунин намояндагони сохтору мақомоти дахлдор ширкат намуданд.

Зимни баромади худ муовини Раиси шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки ҳадафҳои асосии фаъолияти Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Душанбе аз давраи таъсис ёфтанаш, ин ҳимояи ҳуқуқу имтиёзҳои тамоми гурӯҳҳои собиқадорон, беҳтар кардани сатҳи зиндагии онҳо, ҷалб намудани собиқадорони қобили меҳнат ба фаъолият сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии диёрамон, ба ҷавонон мерос гузоштани таҷрибаи бойи пирони рӯзгордида ва иштирокчиёни ҷанг, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ватанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ, рафоқат, шафқат ва ахлоқи ҳамида маҳсуб меёбад.

Дар идома дигар иштирокчиён низ маърӯза намуда, қайд намуданд, ки ҳоло ҳайати кормандони Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Душанбе аз 10 нафар иборат буда, дар чаҳор ноҳияи шаҳрамон Шӯроҳои собиқадорони ҷангу меҳнат ноҳиявиро доранд, ки ҷамъи кормандони ин шӯроҳо низ 16 нафарро ташкил медиҳанд.