image

«Тибби муосир: анъанаҳо ва инноватсия». Конференсияи 70-умини илмӣ-амалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино

date_range25.11.2022, 21:47 chat_bubble_outline0 remove_red_eye358

Конференсияи 70-умини солонаи илмӣ-амалии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” бо иштироки олимон ва табибон аз дохилу хориҷи Тоҷикистон дар мавзӯи «Тибби муосир: анъанаҳо ва инноватсия» 25-уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” бо дарки масъулият баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия дар макотиби олии кишвар, ки аз суханрониҳояшон зимни паёмҳову вохӯриҳо бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва қарору фармонҳои дахлдорро роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, дар самти таълиму тарбия, таҳқиқоти илмӣ, корҳои муолиҷавию хоҷагидорӣ чорабиниҳои судмандро амалӣ менамояд.

Бояд гуфт, ки фаъолияти илмиву навоварӣ яке аз меъёрҳои асосии муайян намудани дараҷаи рушду инкишофи муассисаҳои олии касбӣ маҳсуб меёбад. Маҳз, бо назардошти ҳамин омил дар Донишгоҳ баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмӣ ва дар амалияи клиникӣ татбиқ намудани дастовардҳои муҳимтарини олимон ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти Муассиса қарор дорад. Ин аст, ки таваҷҷуҳи устодони таълимгоҳ сол аз сол ба таҳқиқи самтҳои гуногуни илми тиб бештар гашта, шумораи тадқиқочиёну пажуҳишгарон аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд то рафт меафзояд.

Ташкил ва гузаронидани Конференсияи «Тибби муосир: анъанаҳо ва инноватсия» далели густариш додани равобити илмию амалии олимони ватанӣ ва хориҷи дуру наздик мебошад. Ҳадафи баргузории ҳамоиши илмӣ ба вуҷуд овардани шароити мусоиди баҳсу мунозираҳои созандаи илмӣ бо олимону табибон ва фароҳам овардани шароиту имкониятхои озод ҷиҳати барқарор намудани робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо пешрафтатарин муассиҳои таълимию табобатии хориҷи дуру наздик ва ворид намудани дастовардҳои тибби муосир ба амалияи тиб мебошад.

Дар Конференсия дастовардҳои олимони маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимони шинохтаи кишварҳои ҳориҷӣ ба доираи васеи иштирокчиён пешниҳод гардида, масоили таҳқиқоти фундаменталӣ ва амалӣ дар тиб, технологияи муосиру инноватсионӣ дар тибби назариявӣ ва клиникӣ, татбиқи дастовардҳои навини илмӣ дар раванди таҳсилоти олии тиббӣ баррасӣ ва баҳрабардорӣ карда мешаванд. Мавзуъҳои маърӯзаҳои баррасишаванда мухталиф буда, ба самтҳои гуногуни илм бахшида шудаанд.

Сексияҳои Конференсияро олимону устодони варзидаи МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” ва дигар муассисаҳои бонуфузи илмӣ роҳбарӣ менамоянд. Ҳамасола шумораи иштирокчиёни Конференсия ва теъдоди мақолаҳои пешниҳодгардида меафзояд, ки соли равон шумораи онҳо 1320 ададро ташкил дода, 318 адади он аз кишварҳои хориҷии дуру наздик мебошад.