image

Вохӯрии судманд дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов

date_range28.11.2022, 14:06 chat_bubble_outline0 remove_red_eye267

Ба хотири баланд бардоштани зиракии сиёсии донишҷӯён дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, мулоқоти навбатии намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бо омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор шуд.

Дар чорабинии навбатӣ масъулини Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳоду сохтори марбута ширкат намуда, доир ба тақвияти худишиносиву ватанпарастии насли ҷавони кишвар андешаронӣ намуданд.

Тавре таъкид рафт, бо арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва муҳим будани аркони давлатдорӣ ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои таҳияи истиқлолу ваҳдати комил кишвар ҳамеша талош намоянд.

Ҷойи таъкид аст, ки имрӯз масъалаи терроризму экстремизм яке аз масъалаҳои глобалӣ ва хатарзо шуморида шуда, аз ҳар сохтори дахлдор ва кулли ҷомеа ҳушёриву зиракии сиёсиро тақозо менамояд.

Гуфта мешавад, ки ташкили чунин мулоқоту вохӯриҳои судманд барои фаҳмонидани хатару оқибатҳои амалҳои терористӣ ва пешгирии майли ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро муосидати фаъол менамояд.