image

Баргузории Анҷумани 7-уми акушер-гинекологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

date_range28.11.2022, 14:14 chat_bubble_outline0 remove_red_eye329

Чорабинии мазкур дар панҷ сол як маротиба гузаронида шуда, дар раванди он фаъолияти шабонарӯзии муассисаҳои соҳа ва сат ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор мегирад.

Дар кори Анҷумани 7-уми акушер-гинекологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинаталогии Тоҷикистон, коршиносони соҳа, роҳбарони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва дигар намояндагон иштирок намуданд.

Зимни кори анҷуман қайд шуд, ки аз Анҷумани шашуми акушер-гинекологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз панҷ сол сипарӣ гашт. Дар тӯли ин солҳо ислоҳоти соҳа ва самтҳои афзалиятноки он, ҳифзи саломатии модару кӯдак, роҳҳои бартараф намудани амрози занона, муҳофизати функсияҳои реподуктивӣ миёни духтарони қадрас ва занонуи синну соли гуногун мавқеи бисёр муҳимро ишғол менамояд. Вобаста ба таҳлилу баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар муассисаҳои соҳа ва дар ин замина бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта иштирокчиёни анҷуман андешаҳои худро баён намуданд.

Директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинаталогии Тоҷикистон» зимни баромади худ қайд намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосие, ки дар назди роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинаталогии Тоҷикистон» гузошта шудааст, ин таъмини солимии модарону кӯдакон ба шумор меравад.